Ссылки доступа

Қазоқистон бояд “долларо фаромӯш кунад”


Президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев дар анҷумани интихоботии ҳизби “Нур Отан” дар Остона аз қазоқҳо даъват кард, ки “бо танга бизиянд”.

“Барои мо танга муҳим аст, на доллар. Биёед як лаҳза қарор бигирем, нафаси амиқе фурӯ барем ва долларро фаромӯш кунем”, - гуфт Назарбоев.

Ба бовари президенд, дар шароити коҳиши арзиши маҳсулоти хом беқурбшавии танга қобили қабул аст. Тавре Назарбоев гуфт, агар Қазоқистон то кунун пули миллиро дар доира вазъи пешин нигаҳ медошт, ҳоло “қазоқистониҳо нодортар мешуданд”. Ба гуфтаи президент, кишвар “захираҳояшро фурӯ мебурд” ва корхонаҳо зиён медиданд. “Ҳар чӣ бештар мо қурбро зери назорат бигирем, ҳамон андоза барои соҳибкорон ва тиҷорат монеа эҷод мекунем. Инро ҳам бояд ба мардуми одӣ фаҳмонид”, - хулоса кард Назарбоев.

Президенти Қазоқистон шаҳрвандонро даъват кард, ки “зиндагӣ дар шароити навро биомӯзанд” ва умедвори боло рафтани арзиши нафт набошанд. Вай ҳамчунин аз нарху навои маҳсулоти ниёзи аввалияи мардум ёдоварӣ карда, гуфт, дар ним соли охир нархҳо тақрибан тағйир наёфтаанд.

Дар моҳи августи соли гузашта мақомоти Қазоқистон аз таъмини қурби асъори миллӣ даст кашиданд ва “қурби асъорро озод гузоштанд”. Дар ним сол танга дар баробари доллар 100 дарсад беқурб шуд.

XS
SM
MD
LG