Ссылки доступа

Дар Димишқ бо қурбониёни таркиш видоъ мекунанд


Имрӯз дар Димишқ, пойтахти Сурия, қурбониёни ду таркише, ки 31 январ рух дод, ба хок супорида мешаванд.

Рӯзи якшанбе бештар аз 60 нафар кушта ва зиёда аз 110 каси дигар ҷароҳат бардошт, хабар медиҳанд расонаҳо.

Масъулияти ин ҳамлаҳоро гуруҳи ифротгарои “Давлати исломӣ” ба душ гирифтааст. Ба иттилои телевизиони Сурия, ин таркишҳо дар наздикии ҳарами шиаҳо Сайид Зайнаб рух додааст: нахуст мошини ҳомили маводи тарканда таркидааст, баъдан террористи маргталаб бомбаи дувумро ба кор даровардааст.

Дар ҳамин ҳол, рӯзи ҷумъа дар Женева музокироти сулҳ барои ҳалли низои Сурия оғоз шуд. Ахиран ҳайати мухолифин барои ширкат дар ин музокирот ба Швейтсария ворид шудааст. Дар ин ҳайат 17 намояндаи гуруҳҳои сиёсиву ҳарбӣ, ки алайҳи режими президенти Сурия Башор Асад меҷанганд, шомил ҳастанд.

Намояндаи олии сиёсати хориҷии Иттифоқи Аврупо Федерика Могеринӣ гуфт, таркишҳои ахири Димишқ маҳз ба хотири халал расонидан ба музокироти сулҳи Сурия роҳандозӣ шудааст.

Котиби давлатии ИМА Ҷон Керрӣ дар навбати худ аз ҷонибҳои музокироти сулҳи Женева даъват кард, ки сарфи назар аз таркишҳои Димишқ ба гуфтушунидҳо идома диҳанд.

XS
SM
MD
LG