Ссылки доступа

Дар Тоҷикистон қочоқи аслиҳа афзоиш ёфтааст


Ниҳодҳои интизомии Точикистон хабар доданд, ки дар 20 рӯзи аввали моҳи январи соли 2016 аз аҳолӣ 250 адад аслиҳа мусодира шудааст.

ВКД хабар медиҳад, ки дар як соли охир ҷинояткорӣ бо истифода аз қочоқи аслиҳа афзоиш ёфтааст.

Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода гуфт, ки дар соли 2015 ниҳодҳои интизомӣ аз аҳолӣ 1288 мил силоҳ мусодира кардаанд. Ба гуфтаи вай, дар маҷмӯъ аз соли 1994 то ҳол дар Точикистон беш аз 39 ҳазор силоҳ барчида шудааст.

Ҳарчанд халъи силоҳи аҳолии Тоҷикистон соли 1994 сар шуда буд, мақомот ҳамчунон аз гардиши аслиҳаи зиёд дар дасти мардум изҳори нигаронӣ мекунанд. Дар баъзе аз минтақаҳо то ҳол бо истифода аз аслиҳа мушкилҳои худро ҳал мекунанд.

Ба гуфтаи коршиносон, аслиҳае ки дар дасти мардум аст, аз замони ҷанги шаҳрвандӣ боқӣ мондааст. Аз сӯйи дигар, хатари интиқоли силоҳ аз хориҷи кишвар ба минтақаҳои ҳаммарз вуҷуд дорад.

Соли 2014 ба қонунҳои кишвар ислоҳоте ворид карда шуд, ки тибқи онҳо ниҳодҳои интизомӣ ба мусодираи аслиҳаи осебрасон низ вазифадоранд.

XS
SM
MD
LG