Ссылки доступа

Ҳалокати низомиён дар таркишҳо дар Миср


Ду корманди пулис ва ду низомӣ дар пайи ҳамлаҳо дар нимҷазираи Синайи Миср кушта шуд.

Дар ин минтақа пештар низ ҷангиёни гурӯҳи ифротии “Давлати исломӣ” ба намояндаҳои ниҳодҳои қудратӣ ҳамла карда буданд.

Дар пайи яке аз ҳамлаҳо ба мошини назоратии пулис, ки дар минтақаи Раф дар марз бо минтақаи Ғазаи Фаластин амалиёти ҷустуҷӯӣ анҷом медод, ду маъмури пулис кушта шуданд. Таҷҳизоти тарканда дар ин амал тавассути дастгоҳи фосилавӣ фаъол карда шуд. Дар ҳамлаи ба ин монанд дар шаҳри Шайх-Зувайда дар шимоли нимҷазира як афсар ва як сарбози қаторӣ кушта шуд.

То ҳол ҳеҷ нерӯе масъулияти ин ҳамлаҳоро ба ӯҳда нагирифтааст. Пештар бахши мисрии ДИ масъудияти ин ҳамлаҳоро ба дӯш мегирифт. Соли гузашта гурӯҳи вобаста ба ДИ масъулияти насби бомба дар ҳавопаймои русиро ба дӯш гирифт. Дар ин суқути ҳавопаймои русӣ дар фарози Синай дар моҳи октябри соли гузашта ҳамаи 224 сарнишини ин ҳавопаймо кушта шуданд.

XS
SM
MD
LG