Ссылки доступа

Коргоҳи сӯхташудаи Москваро соҳибкори қирғиз ба иҷора гирифта буд


Бинои аз оташсӯзӣ нобудшуда дар кӯчаи Строминка дар Москваро соҳибкор Алим Тогузаков аз Қирғизистон ба иҷора гирифта буд.

Дар ин бора шабакаи телевизионии “Вести” бо истинод ба оҷонсии амволи ғайриманқул хабар додааст. Ин ниҳод ба таҳияи ҳуҷҷати ин додугирифт машғул будааст.

Хабар дода мешавад, ки Тогузаков дар ин бино се табақаро иҷора мегирифт ва дар яке аз ошёнаҳо анбори маҳсулоти тайёри болиштро ташкил кардааст. Ба иттилои ин шабакаи телевизионӣ, иҷорачӣ барои ҳар як метри муррабаъ дар як сол панҷ ҳазор рубл пардохт мекарду масоҳати тамоми иҷорашуда баробари чанд ҳазор метр буд. Дар қарордоди иҷора зикр шудааст, ки дар ин бино ба таври шабонарӯзӣ кор кардан мумкин аст.

Тибқи иттилои дарёфтии ин шабакаи телевизиноӣ, ба ин минтақаи саноатӣ ниҳодҳои бозрас гоҳ-гоҳе ташриф меоварданд. Мушаххас шудааст, ки ин коргоҳро соҳибкори инфиродӣ ба иҷора мегирифт ва тибқи қонунгузорӣ, бозрасони хадамоти оташнишонӣ аслан ҳақ надоштанд дар ин бино санҷиш анҷом диҳанд.

Пештар хабар дода шуда буд, дар оташсузии коргоҳи дӯзандагӣ 12 нафар ҷон бохтанд, ки 8 нафари онҳо шаҳрвандони Қирғизистон ҳастанд. Ду нафари дигар қирғизтаборони дорои шаҳрвандии Русия ва боз ду нафари дигар шаҳрвандони Ӯзбекистон мебошанд. Аз бинои оташгирифта ду шаҳрванди Қирғизистон, як шаҳрванди қирғизтабори Русия ва як шаҳрванди Ӯзбекистон тавонистаанд берун шаванд.

Ёдовар мешавем, ки дар бинои коргоҳи дӯзандагӣ дар кӯчаи Строминка қариби соати 21:00 31 январ оташсӯзӣ рух дод. Масоҳати оташсӯзӣ 500 метри муррабаъро ташкил дода, дар маҷмӯъ масоҳати қариб 3 ҳазор метри муррабаъ ба коми оташ рафт. Ҳамчунин боми ин бино фурӯ рехт.

XS
SM
MD
LG