Ссылки доступа

Пулиси Аврупо гумшавии кӯдакони гурезаро тасдиқ кард


Хадамоти пулиси Иттиҳоди Аврупо маълумот дар бораи гум шудани кӯдакони гурезаро тасдиқ кард.

Расонаҳо пештар навишта буданд, давоми 1,5 - 2 соли охир на камтар аз 10 ҳазор атфоли гуреза, ки бидуни волидайнашон ба Аврупо омадаанд, гум шудааст.

Дар ин бора хабаргузории France-Presse бо такя ба хадамоти пулиси Аврупо иттилоъ медиҳад.

Брайн Доналд, сардори идораи пулиси Аврупо гуфтааст, танҳо дар Итолиё наздики 5 ҳазор тифли паноҳанда гум шудааст. Ин омор дар бораи он атфолест, ки ба маҳзи вуруд шудан ба ҳудуди Аврупо сабти ном шудаанд. "На ҳамаи онҳо ба дасти гуруҳҳои ҷиноятпеша афтодаанд; эҳтимол, қисме аз ин атфол ҳоло бо волидайнашон ҳастанд. Мо намедонем, ки онҳо дар куҷо ва ба чӣ кор машғуланд", - гуфтааст Доналд.

Дар соли гузашта бештар аз миллион муҳоҷир вориди Иттиҳоди Аврупо шудааст, ки қисми зиёдаш суриягиҳо ҳастанд. Бино бар иттилои пулиси Аврупо, тақрибан 27 дарсади ин гурезаҳо кӯдакон ҳастанд, ки бо волидайн ва ё бидуни волидайнашон ба Аврупо омадаанд.

XS
SM
MD
LG