Ссылки доступа

Ҳазор доллар баҳои як санги чӯянӣ!


Ҳафтаҳои ахир ҳангомаи хариду фурӯши сангҳои варзишии истеҳсоли шӯравӣ Тоҷикистонро фаро гирифтааст.

Сомонаҳои таблиғотӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ пур аз эълони харидорон ва фурӯшандагони ин сангҳо аст.

Бархе аз фурӯшандагони молҳои варзишӣ мегӯянд, сангҳои варзишӣ ё гир, ки корхонаи Тулаи Русия истеҳсол кардааст, дар таркибашон метали гаронарзиш доранд. Ҳоло ин фурӯшандагон омадаанд, ки чунин гирҳоро бо нархи гарон бихаранд.

"Навъҳои дигари гир намешавад, маҳз ҳамон гире, ки тагашон гирд аст. Мо миёнарав нестем, мо мустақиман бо онҳое кор мекунем, ки ин гирҳоро мехаранд. Дар Тоҷикистон истифодаи метали таркиби гирҳо номумкин аст, мо технологияи онро надорем", - гуфт ба Хадамоти иттилоотии Осиёи Марказӣ яке аз харидорон.

Ҳангомаи харидуфурӯши гирҳо дари толорҳои варзиширо низ куфтааст. Ба Бобохон Сангов, дабири кулли Федеросиюни вазнабардории Тоҷикистон бисёриҳо занг зада, дар бораи гири гаронарзиш пурсон мешаванд. Аммо, тавре вай мегӯяд, аз ӯ навъи сангеро мепурсанд, ки дар фаъолияти 50-солааш дар ин самт боре вонахӯрдааст.

“Ман аз соли 1966 санг мебарорам, вале он шакле, ки овоза шудааст ва тамоми танашу тагаш кулула аст, ман надидаам. Намедонам, кӣ инро овоза кардааст, кӣ дидааст?”, - мегӯяд Сангов.

Олимони институти физикаву техникӣ ҳам вуҷуди метали гаронбаҳоро дар таркиби сангҳои варзишӣ афсона меноманд. Мақомоти вазорати корҳои дохилӣ аз ин сару садоҳо изҳори бехабарӣ мекунанд.

Ҷомеашиносон сатҳи пасти маърифати ҳуқуқӣ ва иқтисодӣ ва ҳамчунин бӯҳрону вазъи нохуби молиро як омили таваҷҷӯҳи зиёди мардум ба ин овоза ва тиҷорати на чандон воқеӣ медонанд.

Ёрмуҳаммад Ниёзӣ, ҷомеашиноси тоҷик мегӯяд, ки “ин танҳо як овозае беш нест, мисли он, ки як вақт овозаи заминҷунбӣ мардумро маҷбур кард нисфи шаб берун бароянд ва бархе ҳам дар натиҷа бемор шуданд. Яке дигараш танга буд, ки дар ибтидои ҷанги шаҳрвандӣ мардумро ба ҳолати стрес ва паника расонд. Мегуфтанд, дар таркиби он тилло аст, баъдан ташхис шуд, ки танҳо аз мис сохта шудааст. Ман фикр намекунам, ки гир арзиши 1000 долларо дошта бошад, ҳатто агар дар дохилаш симоб ё ягон маводи дигар дошта бошад”.

Ба гуфтаи таҳлилгарон, барои рафъи ин воҳима, ҷилавгирӣ аз паёмадҳои нохуши он ва ба хотири рӯшанӣ андохтан ба ин сару садоҳо, мақомот бояд масъаларо пайгирӣ кунанд. Аммо то замоне, ки аз чӣ иборат будани таркиби сангҳои варзишӣ ва сабаби гарон шудани нархи он амалан дақиқ мешавад, ҷустуҷӯи ин сангҳо ва ҳангомаҳо дар атрофи нархи осмонбӯсаш ҳамчунон идома хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG