Ссылки доступа

Мақоми 68-уми Қазоқистон дар “Шохиси озодии иқтисодӣ”


Созмони Heritage Foundation ва маҷаллаи амрикоии "The Wall Street Journal" гузориши нави солонаашон таҳти унвони “Шохиси озодии иқтисодӣ 2016”-ро нашр карданд.

Дар шохиси озодии иқтисодии соли 2016 Қазоқистон дар гуруҳи “озоди миёна” қарор гирифта, аз миёни 178 кишвар ҷойи 68-ро соҳиб шудааст. Қазоқистон нисбати соли гузашта як зина боло рафтааст.

Дар пажуҳиши Heritage гуфта мешавад, ки ҳуқуқ ба моликият ва фасод дар Қазоқистон боиси нигаронист.

“Фасод дар ҳамаи сатҳҳои ҳукумат реша давонидааст. Кодекси нави ҷиноятӣ, ки 1 феврали соли 2015 ба иҷро даромад, барои доду ситади фасод ҳукми сангинтареро пешбинӣ кардааст. Ҳокимияти судӣ тобеи ҳокимияти иҷроия аст, судяҳо сиёсатзада ҳастанд, фасод тору пуди низоми судиро танидааст”, - навиштаанд муаллифон. Бо ин вуҷуд, муаллифон мегӯянд, ин кишвар дар бахши идораи молияи давлатӣ ва тиҷорати озод ба бархе аз дастовардҳо ноил гардидааст.

Ба панҷгонаи “иқтисодҳои озод” Heritage Ҳонгконг, Сингапур, Зеландияи Нав, Швейтсария ва Австралияро шомил кардааст. Қазоқистон дар раддабандӣ баъди Панама ва Тайланд ҷой гирифта, аз Самоа, Филиппин, Руанда ва Гана дар пеш меистад.

Шохиси озодиҳои иқтисодӣ дар асоси 10 омили миқдору сифат, ки миёнашон ҳуқуқ ба моликият, озодии молиявӣ, тиҷорати озод ва соҳибкорӣ мавҷуд аст, тартиб дода мешавад.

XS
SM
MD
LG