Ссылки доступа

Насибаи тоҷик – яке аз донишҷӯёни зеботарини дунё


Аз 27-уми озмуни байналмилалии “Посдорони сулҳи донишгоҳҳои ҷаҳон” (World University Peace Service Corps) натиҷагирӣ шуд.

Тоҷикистон дар ин озмун бори нахуст дар симои донишҷӯи Донишгоҳи славяниву қирғизии шаҳри Бишкек – Насиба Наимхонова муаррифӣ ва барандаи ҷои 7-ум гардид. Гран-при ё шоҳҷоизаро намояндаи Перу ва ҷои аввали озмун насиби намояндаи Чин (минтақаи Макао) гардид.

Ҷойи ҳафтумро Насиба тариқи раъйдиҳии интернетии мухлисонаш (6006 раъй) ва ҳамчунин баромадаш дар озмун соҳиб шудааст.

Насиба Наимхоноваи 19-сола мегӯяд, аз озмун бо таассуроти зиёд ва нақшаҳои нав бармегардад. Вай мегӯяд, баъди хатми донишгоҳ аз рӯи ихтисоси тарҷумонӣ, ба арсаи дипломатия қадам гузорад.

“Мо дар бораи сулҳу субот, дар бораи таҳаввулоти иқтисодӣ ва таъсири он ба суботи ҷаҳон суҳбат кардем. Аз рӯи ​муқаррароти озмун, дар оянда ман метавонам ширкатдори конфронсу барномаҳои вижаи СММ шавам ва дар таблиғи сулҳ дар ҷаҳон саҳмгузорӣ кунам”, - гуфт Насиба.

Насиба Наимхонова зодаи ноҳияи Ишкошими вилояти Бадахшони Тоҷикистон буда, дар Душанбе ба воя расидааст. Вай бо кумаки барномаи Бунёди рушди Оғохон барои таҳсил ба Қирғизистон рафт ва ҳоло дар соли сеюми бахши тарҷумонӣ аз забонҳои англисиву фаронсавии Донишгоҳи славяниву қирғизии Бишкек таҳсил дорад.

XS
SM
MD
LG