Ссылки доступа

Озодии ҳазорон ӯзбекистонӣ аз ҷавобгарии ҷиноӣ


Дар соли 2015 дар Ӯзбекистон 14459 нафар аз ҷавобгарии ҷиноӣ озод шуд.

Дар ин бора ба Идораи хабарҳои Осиёи Марказӣ сухангӯйи Додгоҳи олии Ӯзбекистон Азиз Обидов хабар дод.

Барои муқоиса гуфта шуд, ки соли 2014 ин рақам баробари 12687 нафар буд.

Ҳамчунин хабар дода шудааст, ки нисбати 4823 нафаре, ки зарари расонидаро ба маблағи беш аз 267 миллиард сӯм ҷуброн кардаанд, ҷазои ғайри маҳрумсозӣ аз озодӣ татбиқ шудааст.

Додгоҳҳои парвандаҳои шаҳрвандӣ дар соли гузашта беш аз 260 ҳазор парвандаро баррасӣ карданд ва ҳукмҳои содиркардаашон баробари 87,7% аст. Ҳукмҳои баровардаашон 89,2% даъвоҳоро қонеъ карданд.

“Зимни таҳлили фаъолияти додгоҳҳои парвандаҳои ҷиноятӣ дар соли гузашта метавон хулоса кард, ки нишондодҳои додгоҳҳо дар муқоиса бо соли 2014 дар мавриди бархе аз ҷиноятҳо ба таври чашмрас коҳиш ёфтааст. Аз ҷумла, ин камшавӣ ба ҷиноятҳои марбут ба додан ё гирифтани ришва, таҷовуз ва роҳзанӣ дахл дорад”, - гуфт сухангӯйи Додгоҳи олӣ Азиз Обидов.

XS
SM
MD
LG