Ссылки доступа

Меркел мехоҳад, таҳримҳои Москва тамдид шаванд


Садри аъзами Олмон Ангела Меркел аз Иттиҳоди Аврупо даъват кард, ки таҳримҳои зидди Русияро тамдид кунад.

Ин таҳримҳо дар посух ба ғасби Қрим ва айбҳои нисбати Москва дар ҳимояти ҷудоихоҳон дар Донбасс роҳандозӣ шуда буданд.

Меркел дар ин бора дар Берлин гуфт. Дар ин шаҳр музокироти вай бо раиси ҷумҳури Украина Петр Порошенко баргузор шуд. “Таҳримҳо бояд то замони иҷрои комили шартҳои тавофуқи Минск, ки ҳадафи онҳо хатми низоъи Донбасс мебошад, нигаҳ дошта шаванд”, - гуфт Меркел дар нишасти хабарӣ бо Порошенко.

Президенти Украина низ аз Ғарб даъват кард, ки таҳримҳо нисбати Москваро ҳифз кунанд. Ба гуфтаи Порошенко, мавзеъҳои низомиёни украинӣ дар Донбас дар моҳи январ аз сӯйи ба ном ҷудоихоҳони ҷумҳуриҳои худмухтори Донетск ва Луганск бештар мавриди тирпарронӣ қарор гирифтанд. Дар як рӯз онҳо то 40 маротиба зери тирборон афтодаанд. Ба ҷуз аз ин, ба гуфтаи раҳбари укаинӣ, гурӯҳи махсуси САҲА ҳамчунин зимни анҷоми вазифаи назоратии худ дар Донбасс бо маҳдудиятҳое рӯбарӯ мешавад.

Москва айбҳо дар мавриди ҳимояти ҷангиёни ҷудоихоҳ дар Донбасс ва ташаннуҷи вазъият дар минтақаҳои шарқии Украинаро рад мекунад.

XS
SM
MD
LG