Ссылки доступа

Ҳеммонд: Москва низоъи Сурияро печидатар мекунад


Амалиёти Русия дар Сурия низои ин кишварро печидатар мекунад ва боиси афзоиши гурезагон аз минтақаҳои ҷангӣ мешавад, гуфтааст вазири корҳои хориҷии Бритониё Филип Ҳеммонд ба хабаргузории Reuters.

Вазири хориҷии Бритониё зимни сафараш ба Урдун гуфт: "Ҳар чи ки мо мехоҳем дар Сурия анҷом диҳем, Русия онро ба ҳам мезанад". "Намояндагони Русия мегӯянд, биёед гуфтугӯ кунем, баъдан онҳо ҳарф мезананду ҳарф мезананду ҳарф. Мушкил дар он аст, ки замоне ки онҳо ҳарф мезананд, бомбаборонро идома медиҳанд. Онҳо Асадро пӯштибонӣ мекунанд", - гуфт вазир.

Москва расман изҳор медорад, ки ҳавопаймоҳои Русия ба "мавзеҳои террористон" ҳамла мекунанд. Рӯзи душанбе вазорати мудофиаи Русия гуфт, ки дар як ҳафтаи охир ҳавопаймоҳои нерӯҳои ҳавоии Русия 486 парвоз анҷом дода, ба "мавзеъҳои террористон" 1300 зарба задаанд. Аммо намояндагони созмонҳои байналмилалӣ мегӯянд, зарбаҳои Русия дар бештари маврид болои сокинони осоишта уфтодааст.

Ба гуфтаи Филип Ҳеммонд, камтар аз 30 дарсади ҳамлаҳои Русия ба иншооти марбути гуруҳи тундгарои "Давлати исломӣ" мерасанд. Зарбаҳои Русия бештар ба мухолифони режими Башор Асад равона мешаванд.

XS
SM
MD
LG