Ссылки доступа

Шумори корбарони WhatsApp аз марзи 1 млрд гузашт


Шумори корбарони паёмакрасони WhatsApp, ки аз соли 2014 ин хадамот дар ихтиёри шабакаи иҷтимоии Facebook аст, аз марзи 1 миллиард гузашт.

Дар ин бора дар саҳифаи худ муассиси Facebook Марк Сукерберг навиштааст.

"Дар ҳоли ҳозир 1 миллиар корбар аз хадамоти WhatsApp истифода мекунанд", - навишт ҷаноби Сукерберг. Вай муассиси хадамоти паёмакрасон Ян Кум ва Брайан Эктонро табрик кардааст, хабар медиҳад оҷонсии РБК.

Сукерберг гуфтааст, бо пайвастани WhatsApp ба сохтори Facebook корбарони ин хадамот ду баробар бештар шудааст. Вай ваъда кард, ки барои афзудани корбарони хадамот талош меварзанд ва ин паёмакрасонро барои тиҷорат ва муколамаи инсонҳо муносибтар хоҳанд намуд.

Моҳи феврали соли 2014 шабакаи иҷтимоии Facebook гуфт, хадамоти паёмакрасонро дар ивази 19 млрд. доллар харидааст.

XS
SM
MD
LG