Ссылки доступа

Зиндон дар ивази дилсӯзӣ ба ҳайвонҳо


Сокини деҳаи Жанакоргани вилояти Қизилордини Қазоқистон Калау Ҳошимов, ки бузи куҳӣ - архарро ром кардааст, мегӯяд, эҳтимол дорад ин ҳайвонро аз ӯ бигиранд.

Баъди иттилои Хадамоти иттилоотии Осиёи Марказӣ дар бораи ин архар, рӯзноманигорон ба деҳаи Жанакорган шитофтанд ва дар бораи сокини маҳаллӣ гузоришҳои бешуморе таҳия карданд. Акнун зиндагии хонаводае, ки архарро ром кард, натанҳо таваҷҷуҳи расонаҳо, балки таваҷҷуҳи мақомоти корҳои дохилии маҳаллиро низ ҷалб кардааст. Чанд корманди пулис ба манзили Ҳошимов сар задаанд.

- Онҳо маро сурат гирифтанд, ҷоеро, ки архар нигаҳ дошта мешавад, низ сурат гирифтанд ва огоҳ карданд, ки архарро аз ман хоҳанд гирифт ва алайҳи ман парванда боз хоҳанд кард. Барои ман архарро ба боғи ҳайвонот додан мисли ин аст, ки фарзандонамро ба ятимхона супорам, - мегӯяд Калау Ҳошимов.

Муовини сардори шуъбаи корҳои дохилии вилоят Марат Исмоил тафтиши манзили ин сокинро тасдиқ кард.

- Барои сайд кардани ҳайвоноте, ки шомили Китоби сурх ҳастанд, ҷавобгарии ҷиноятӣ муқаррар шудааст. Калау Ҳошимов мегӯяд, "архарбачаро аз ҳисси дилсӯзӣ ром кардааст". Аммо ин нуқтаи назари вай аст. Тибқи қонун, вай ҳақ надорад, ки архарро дар манзилаш парвариш кунад, мегӯяд муовини сардори шуъбаи корҳои дохилӣ.

XS
SM
MD
LG