Ссылки доступа

Дар Тоҷикистон таъини Озода Раҳмонро қонунӣ шумурданд


Содиқ Шоҳназаров, ёвари президенти Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ, таъини Озода Раҳмонро дар мақоми раисии дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон қонунӣ донист.

Ӯ рӯзи 2 феврал дар нишасти хабарии мақомоти Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон гуфт, ки дар таъини Озода Раҳмон талаботи моддаи 9-и қонун "Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия" нақз нашудааст. Ин моддаи қонун хизмати якҷоя, бахусус ҳисоботдиҳанда будани мансабдорро ба хешовандони наздикаш манъ мекунад.

​Ба гуфтаи Содиқ Шоҳназаров, Озода Раҳмон ба ҳайси раиси дастгоҳи иҷроия бевосита ба нахуствазир итоат мекунад, на ба падараш, ки раисиҷумҳури Тоҷикистон аст.

Эмомалӣ Раҳмон 9 фарзанд - 7 духтар ва 2 писар дорад, ки ба ҷуз аз писари хурдиаш Сомон, ҳамаи фарзандони дигари вай издивоҷ кардаанд. Ҳоло Рустами Эмомалӣ, писари президент Эмомалӣ Раҳмон, раиси Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон аст.

XS
SM
MD
LG