Ссылки доступа

Парвандаи ҳайкалдуздон ба додгоҳ фиристода шуд


1 феврал парвандаи ҷиноии дуздии пайкараи ҳунарпеша Евгений Леонов дар шакли қаҳрамони бадеии "Дотсент" аз филми "Ҷавонмардони бобарор" ба додгоҳ фиристода шуд.

Прокуратураи минтақаи ғарбии Москва хулосаи ҷиноятӣ нисбати ҳафт шаҳрванди аз 21 то 27-солаи Ӯзбекистонро тасдиқ кард. Айбдоршавандагон дар боздошт ба сар мебаранд. Дар сурати тасдиқи дуздӣ, онҳоро то 10 соли зиндон бо иловаи то 1 миллион рубли ҷарима таҳдид мекунад. Ёдрас мешавем, ки муҷассамаи қаҳрамони филми "Ҷавонмардони бобарор" моҳи октябри соли гузашта дуздида шуд.

Худи ҳамон рӯз панҷ шаҳрванди Ӯзбекистон боздошт шуданд, ки пайкараро сари китф аз кӯчаи "Мосфилм" мегузарониданд. Онҳо мехостанд, филизи ин муҷассамаро фурӯшанд. Шаҳрвандони Ӯзбекистон дар рафти бозпурсӣ гуфтаанд, актери машҳури шӯравиро умуман намешиносанд ва филми "Ҷавонмардони бобарор" -ро ҳам надидаанд. Дуздон мехостанд, ҳайкали Леоновро ба 39 ҳазор рубли русӣ (муодили 635 доллари ИМА) фурӯшанд.

XS
SM
MD
LG