Ссылки доступа

Машқи якҷояи Тоҷикистону Русия дар Бадахшон


Нерӯҳои мусаллаҳи Русияву Тоҷикистон дар моҳи марти имсол дар манотиқи куҳистонии вилояти Бадахшони Тоҷикистон тамрини муштарак баргузор мекунанд.

Дар ин бора Владимир Заруднитский, фармондеҳи нерӯҳои Округи низомии марказии Русия хабар дод.

“Низомиёни ин ду артиш ҳамкории дуҷонибаро коркард мекунанд, роҳҳои нобудии гуруҳҳои террористӣ дар минтақаҳои куҳистониро меомӯзанд”, - гуфт Заруднитский.

Дар ин тамринҳо наздики 1,5 ҳазор низомии Русияву Тоҷикистон ва 500 адад техникаи ҳарбӣ иштирок мекунад, мегӯяд Заруднитский.

Ба гуфтаи вай, соли ҷорӣ чанд тамрини байналмилалии дигари Русия дар назар аст.

XS
SM
MD
LG