Ссылки доступа

Мавҷи нави тағйири ҷойномҳо дар Тоҷикистон


Мақомоти Тоҷикистон тасмим гирифтааст, номи туркии бархе аз маҳаллаҳои аҳолинишинро иваз кунад.

Ба рӯйхате, ки барои тасвиб ба порлумон кишвар ирсол шуд, номи даҳ шаҳраку ноҳияе ворид шудааст, ки асосан аз исмҳои ӯзбекиву қирғизӣ шакл гирифтаанд.

Гуфта мешавад, ин амал ангезаи ватанпарастӣ дорад. Номҳои ӯзбекиву қирғизӣ, ки забонҳои туркӣ мебошанд, ба ин талабот ҷавобгӯ нестанд.

Ба иттилои хадамоти матбуотии президенти Тоҷикистон, ба ин рӯйхат шаҳракҳо ва ноҳияҳои гуногун дар кишвар ворид шудаанд. Ҳамчунин ба ин феҳраст обанбори Қайроққум низ шомил шудааст, ки дар он нерӯгоҳи бузурги барқи обӣ воқеъ аст. Номи қадимиву форсии бархе аз минтақаҳо эҳё шуда, бархе аз онҳо бо исми чеҳраҳои таърихии тоҷикӣ номгузорӣ ва барои бархеи дигар номҳои нави тоҷикӣ пайдо карда мешавад.

Баъд аз фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ Тоҷикистон бо чанд мавҷи номивазкунӣ рӯбарӯ шуд. Дар тӯли ду даҳсола номи русӣ ё бегонаи бештаре аз маҳаллаҳои аҳолинишин дигар карда шуданд.

XS
SM
MD
LG