Ссылки доступа

Ҷасади Ҳасан Юсуфов аз Чин оварда шуд


Ҷасади Ҳасан Юсуфов, соҳибкори тоҷик, ки бо иттиҳоми қочоқи маводи мухаддир аз сӯи мақомоти Чин ба қатл расид, субҳи 3 феврал аз Урумчӣ ба Душанбе оварда шуд.

Баҳодур Юсуфов, бародари Ҳасан Юсуфов мегӯяд, дар асл мақомоти Чин ҷасади онҳоеро, ки ҳукми қатлашон иҷро мешавад, ба наздиконашон намесупоранд. “Аммо бо талошҳои сафорати Тоҷикистон дар Чин мо ба таври истисноӣ ҷасади бародарамро гирифтем”, - афзуд Баҳодур.

Ҳасан Юсуфови 51-сола, ки аз сӯи додгоҳи Чин бо иттиҳоми харидуфурӯши ғайриқонунии маводи мухаддир ба қатл маҳкум шуда, ҳукми вай 28 январ иҷро гардид. Талошҳои мақомоти тоҷик барои сабук кардани ҳукм натиҷа надодаанд.

Юсуфов ба тиҷорат машғул буд ва аз Чин ба Тоҷикистон мол ворид мекард. Панҷ сол пеш вай дар Урумчӣ боздошт шуд. Баъдтар додгоҳи Чин ӯро ба қатл маҳкум кард.

Тибқи иттилои мақомоти тоҷик, дар ҳоли ҳозир 16 шаҳрванди Тоҷикистон дар зиндонҳои Чин адои ҳукм мекунанд. Моҳи майи соли гузашта додситони кулли Тоҷикистон Юсуф Раҳмон гуфта буд, аз шумори умумии шаҳрвандони маҳкумшудаи Тоҷикистон дар Чин 3 зан ва як мард ба қатл, панҷ нафар ба зиндони якумрӣ ва бақия ба муҳлатҳои гуногуни ҳабс маҳкум шудаанд.

XS
SM
MD
LG