Ссылки доступа

Компютерҳои Бонки миллии Ӯзбекистон "ях бастанд"


Дар рӯзи аввали моҳи феврал компютерҳои Бонки миллии Ӯзбекистон “бино бар сабабҳои техникӣ” натавонистанд ҳеч гуна амалиёти молӣ анҷом диҳанд.

Дар натиҷаи аз кор мондани компютерҳои Бонки миллии фаъолиятҳои иқтисодии хориҷии Ӯзбекистон дар рӯзи 1 феврал ягон додугирифти бонкӣ сурат нагирифтааст ва муштариёнро гуфтаанд, интизор бошанд. Хадамоти матуботии Бонки миллии он кишвар ин маълумотро на тасдиқ кард ва на рад.

Ба иттилои сомонаи хабарии uzmetronom.com, аз кор мондани компютерҳо ба нуқси барномаҳои компютерӣ рабт доштааст. Ин сомона бо такя ба манбаъҳои худ менависад, барномаҳои нуқсдори компютериро Бонки миллӣ чанд сол пештар аз “як ширкати машкук” харидааст.

Сомона хабар медиҳад, чунин мушкилиҳо дар Бонки миллии Ӯзбекистон дар рӯзи аввали ҳар моҳ сар мезанад. “Дар натиҷаи аз кор мондани барномаҳои компютерӣ бонк эътиборашро аз даст медиҳад ва ҳамаи шарикони ин бонк ба мушкил мувоҷеҳ мешаванд”, - навиштааст сомона.

2 октябри соли 2015 намояндагии ду бонк дар вилояти Фарғона фаъолияти худро қатъ карданд. Зеро компютерҳои намояндагиҳо таърихи рӯзро на 2 октябр, балки 31 сентябр нишон медоданд. Бархе аз коршиносон мегӯянд, бонкҳо талош доранд, ки вақтро ба дарозо кашанд, то тавонанд омори барои худ мувофиқро ҷамъ оваранд.

XS
SM
MD
LG