Ссылки доступа

Рамзан Қодиров поёни даври раёсаташро фаромӯш кардааст


Роҳбари Чеченистон Рамзан Қодиров ба охир расидани салоҳиятҳояшро фаромӯш кардааст.

Роҳбари Чеченистон Рамзан Қодиров мегӯяд, поёни раёсаташро рӯзноманигорон барояш ёдрас кардаанд. Вай афзуд, ҳанӯз ба як фикр нарасидааст, ки барои як давраи дигари роҳбарӣ талош мекунад ё не вале дар саҳифааш дар Инстаграм навишт, “намехоҳад вақташро барои ин фикрҳо сарф кунад”. Қодиров бо қатъият гуфтааст, ки номзадии раҳбари Чеченистонро нахуст бояд президенти Русия интихоб кунад.

Рамзан Қодиров аз моҳи марти соли 2007 Чеченистонро роҳбарӣ мекунад ва салоҳиятҳояш 5 апрел ба охир мерасанд.

Тибқи тағйироте, ки ба Конститутсияи Чеченистон дар соли 2002 ворид шуд, номзадҳо ба мақоми роҳбарии кишвар аз ҷониби ҳизбҳои сиёсӣ пешбарӣ мешаванд, интихобот бошад, дар рӯзи ягонаи раъйдиҳӣ - 18 сентябр барпо мегардад.

Вақтҳои охир Қодиров зидди мухолифони Русия чанд изҳороти таҳқиромез паҳн кард. 12 январ вай мухолифонро “душманони халқ” ва “хоин” номид. Сафири Иттиҳоди Аврупо дар Русия Вигаудас Ушатскас аз мақомоти Русия даъват кард, ки рафтори роҳбари Чеченистонро нодида нагиранд.

XS
SM
MD
LG