Ссылки доступа

Русия ба Тоҷикистон ҳадди аксари силоҳ ваъда кард


Русия мегӯяд, бо назардошти таҳдидҳо аз самти Афғонистон артиши Тоҷикистонро бо силоҳ ва техникаи ҳарбӣ мусаллаҳ месозад.

Дар ин бора муовини вазири мудофиаи Русия Анатолий Антонов зимни сафари кориаш дар Душанбе хабар дод. Вай Тоҷикистонро яке аз самтҳои муҳим дар ҳамкориҳои ҳарбӣ ва ҳарбӣ-техникии Русия номид.

“Мо бар ин боварем, ки амният дар Тоҷикистон таъмин бошад, амнияти Русия ҳам хубтар таъмин хоҳад шуд”, - гуфт муовини вазири мудофиаи Русия.

Дар ҳамин ҳол, Антонов гуфт, кишвараш пойгоҳи ҳарбии 201-уми Русия дар Тоҷикистонро низ мусаллаҳ месозад. Ба гуфтаи вай, ин пойгоҳ дар ҳолати зарурӣ омодааст истиқлолият ва якпорчагии Тоҷикистонро ҳифз кунад.

Мақомоти тоҷик борҳо гуфтанд, ки ваъдаҳои СПАД дар мавриди тақвияти марзи Тоҷикистону Афғонистон иҷро намешаванд. Аммо Русия пойгоҳи 201-умро ҳамеша бо навтарин намудҳои силоҳ ва техникаи замонавӣ таъмин мекунад.

XS
SM
MD
LG