Ссылки доступа

Туркия барои рӯзноманигори Русия виза ҷорӣ мекунад


Туркия сар аз 15 феврал барои рӯзноманигорони Русия виза ҷорӣ мекунад, хабар медиҳад “Интерфакс” бо такя ба хадамоти иттилоотии сафорати Туркия дар Русия.

Ин муқаррарот “иқдоми мутақобил” номида шудааст ва ҳамаи кормандони расонаҳои Русияро дар бар мегирад. Ҳатто кормандонеро, ки муҳлати сафари хизматиашон камтар аз 6 моҳ аст.

Шуруъ аз 1 январи имсол Русия низоми бе раводидро бо Туркия бекор кард.

Муносиботи Русия ва Туркия баъди сарнагун кардани ҳавопаймои бомбаандози Су-24-и Русия аз сӯи Туркия бад гардид. Анкара мегӯяд, ин ҳавопаймо ҳарими ҳавоии Туркияро рахна кард. Москва ин иттиҳомотро рад ва алайҳи Туркия таҳрим ҷорӣ кард. 30 январи соли ҷорӣ вазорати корҳои хориҷии Туркия гуфт, ҳавопаймои низомии Су-34-и Русия ҳарими ҳавоияшро рахна кардааст.

XS
SM
MD
LG