Ссылки доступа

Дар Сурия мушовири низомии Русия кушта шуд


Дар Сурия 1 феврал мушовири низомии Русия кушта шуд. Тавре вазорати мудофиаи Русия хабар медиҳад, ин низомӣ пас аз маргаш ба дарёфти ҷоиза пешниҳод шудааст.

Мушовири низомӣ дар Сурия истифодаи аслиҳаи русиро ба артиши Сурия меомӯзонид. Русия дар асоси шартномаи ҳамкории байнидавлатии ҳарбиву техникӣ ба Сурия техника ва аслиҳа медиҳад.

Хабар дода мешавад, ки 1 феврал дар пайи тирборони террористони гуруҳи “Давлати исломӣ” ба яке аз гарнизонҳои ҳарбии Сурия, ин афсари рус кушта шудааст.

XS
SM
MD
LG