Ссылки доступа

Дар гуфтушуниди Сурия танаффуси маҷбурӣ пеш омад


Фиристодаи СММ дар умури Сурия Стаффан де Мистура гуфт, музокироти сулҳи Сурия, ки дар Женева баргузор мешавад, мутаваққиф гардидааст.

Баъди дидори як ба як бо ҳайати Димишқ ва намояндагони мухолифини Сурия вай хабар дод, ки машваратҳо бояд 25 феврал дубора ба роҳ монда шаванд. Вай гуфт: “Ман дар рӯзи аввал ба таври ошкор гуфтам, ки ният надорам танҳо барои гуфтушунид гуфтугӯ кунам”.

Де Мистура бо итминон мегӯяд, таваққуф маънии шикасти музокиротро надорад. Дар ҳамин ҳол, вай илова кард, ки ҳалли низои Сурия ба пуштибонии ҷомеаи ҷаҳонӣ, ба вижа Русия ва ИМА эҳтиёҷ дорад. Мухолифини Сурия талаб доранд, ки ҳукумат расонидани ёриҳои башардӯстонаро ба 18 ноҳияи муҳосирашуда иҷозат диҳад.

Димишқ вуруди ин гуна кумакҳоро ба бархе аз ноҳияҳо иҷозат дод ва ҳамзамон бо пуштибонии неруҳои ҳавоии Русия ба ҳамла гузашт. Ин амали артиши ҳукуматӣ ҳайати мухолифин дар Женеваро ба хашм овард.

XS
SM
MD
LG