Ссылки доступа

Дар Қирғизистон ба кӯдакон шаҳодатномаи ақди никоҳ дода шудааст


Соли гузашта шаҳодтномаҳои беэътиборро бори нахуст ошкор карданд.

Зимни гузаштан аз назорати марзӣ дар ҳуҷҷати мусофирони фарзанддори ҳавопаймоҳои самти Русия, “Шаҳодатномаи никоҳ” пайдо карда шуд, ки бо ҳарфҳои хеле майда навишта шудааст.

“Танҳо дар вилояти Ҷалолобод бояд шаҳодатномаи таваллуди беш аз 8 ҳазор кӯдак иваз карда шавад. Барои ин волидайнро зарур аст ҳуҷҷатҳои беэътиборро баргардонанд”, - мегӯяд мутахассиси пешбари бахши сабти ҳолатҳои шаҳрвандии шаҳри Ҷалолобод Нурия Азимбекова.

“Ба мо шаҳодатномаи таваллуд барои кӯдакони соли таваллудашон дар солҳои 2012-2013 фиристода шуданд. Ин аснод дар чопхонаи “Учкун” нашр шудааст. Ба сабаби сифати паст онҳо бояд иваз карда шаванд. Дар вилояти Ҷалолобод 8,2 ҳазор чунин шаҳодатнома дода шудааст. Кӯдаконе ба хориҷи кишвар парвоз мекунанд, бо мушкилиҳо рӯбарӯ мешаванд ва волидайнашон водор мешаванд ҳуҷҷатҳоро иваз кунанд. Мардум бояд бо дарки масъулият ба ин вазъият расидагӣ кунанд”, - афзуд вай.

Дар тамоми кишвар беш аз 40 ҳазор чунин ҳуҷҷат дода шудааст. Аз рӯйи ин ҳодиса Додситонии кулл парвандаи ҷиноӣ боз кардааст, хабар дод Нурия Азимбекова.

Ҳолтаҳои дар Русия беэътибор донистани ҳуҷҷатҳои қирғизистонӣ зуд-зуд рух медиҳанд.

Ҳуҷҷатҳои ронандагӣ, ки то вақтҳои ахир аз сӯйи Идораи давлатии сабт дода мешуданд, низ дар Русия барои созгор набудан бо аҳдномаи Вена эътироф намешуданд.

XS
SM
MD
LG