Ссылки доступа

Овозхон Тамила аз Ӯзбекистон ба Қазоқистон кӯчид


Овозхон Эсмералда Раҳматова (Тамила), ки баъд аз пахши видеои ҷанҷолбарангез, иҷозатномаи фаъъолияташ бекор карда шуд, аз Ӯзбекистон ба Қазоқистон кӯч бастааст, хабар медиҳад сомонаи ӯзбекии Qalampir.

Ба иттилои расона, ин овозхон ҳамаи сафҳаҳои хусусии худ дар шабакаҳои иҷтимоиро ҳазф кардааст.

Пештар ширкати “Ӯзбекнаво” Тамиларо аз ҳаққи фаъолияти овозхонӣ дар дохил ва хориҷи кишвар барои “видеои шармовар” маҳрум кард.

Сухан дар бораи навори видеоии хусусӣ меравад, ки тавассути смартфон сабт шуда, ба шабакаҳои Telegram ва WhatsАpp раҳ ёфтааст. Дар ин навор овозхон ба марди паси дурбини смартфон қарор дошта, узвҳои маҳрамонаи ҷисми худро намоиш медиҳад.

Дар мусоҳиба бо хабарнигорони сомонаи Sayyod.com, ки машғули инъикоси арсаи ҳунарии Ӯзбекистон аст, Тамила гуфтааст, ки ин видео хусусӣ буда, вай аслан намедонад, ки ин навор чӣ гуна ба Интернет роҳ ёфтааст.

XS
SM
MD
LG