Ссылки доступа

Қарордоди истифодаи Байконур бо Русия ислоҳ мешавад


Порлумони Қазоқистон дар ҷаласаи имрӯзии худ ворид кардани тағйирот ба созишномаи байниҳукуматӣ бо Русияро дар мавриди ҳамгироӣ дар сурати рух додани садама зимни партоби киштии кайҳонӣ аз истгоҳи парвози киштиҳои кайҳонии Байконур тасвиб кард.

Санади ҳусни тафоҳум дар бораи ворид кардани тағйирот ба созишнома бо Русия дар мавриди ҳамоҳангӣ дар сурати рух додани садамаҳо салоҳияти вазорати корҳои дохилии Қазоқистон, мақомоти иҷроияи маҳаллӣ ва ситоди муштараки бартарафсозии оқибатҳои садамаҳоро мушаххас мекунад. Ин ҳуҷҷат барои имзо ба президенти Қазоқистон ирсол шуд.

Қарордоди миёни Қазоқистон ва Русия дар бораи наҳваи ҳамгиройӣ дар сурати рух додани садамаҳо зимни партоби киштиҳои кайҳонӣ аз истгоҳи киштиҳои кайҳонии Байконур 18 ноябри соли 1999 имзо шуда буд. Санади ҳусни тафоҳуми ворид кардани тағйирот ба он дар моҳи июни соли 2015 таҳия шуд.

Маҷмаии «Байконур» аз истгоҳи парвози киштиҳои кайҳонӣ ва шаҳри Байконур иборат буда, онро Русия аз Қазоқистон ба иҷора гирифтааст. Иҷорапулии ҳамасолаи он, ки тибқи қарордод мӯҳлати он то соли 2050 муайян шудааст, 115 миллион доллар мебошад.

Дар Қазоқистон баъд аз суқути киштии кайҳонӣ дар таърихи 2 июли соли 2013 даъватҳое садо медиҳанд, ки истифода аз маводи сӯхтии гепитилдор дар киштиҳои кайҳонӣ қатъ карда шавад.

XS
SM
MD
LG