Ссылки доступа

Навзоди ӯзбек метавонад дар Русия сарнавишти Умаралиро такрор кунад


Ахиран маъмурони идораи муҳоҷирати Русия кӯдаки навзоди ҳафтмоҳаи ӯзбекро аз модараш ҷудо карданд.

Вай метавонад сарнавишти фоҷиаомези Умаралӣ Назаров, кӯдаки навзоди тоҷик, ки низ аз модараш ҷудо карда шуд, такрор кунад – хабар медиҳад Идораи ахбори Осиёи Марказӣ.

Сокини 37 солаи ноҳияи Шаҳрихони вилояти Андиҷони Ӯзбекистон Гулрух Бахтиёровна Ҳусанова аз 7 октябри соли гузашта дар боздоштгоҳи Идораи муҳоҷирати шаҳри Магадан қарор дорад. Вай ба сабаби анҷоми мӯҳлати сабти ҳуҷҷатҳояш боздошт шудааст.

Кӯдаки Ҳусанова дар Русия таваллуд шудааст, аммо модараш шаҳодатномаи таваллудашро бо худ надорад. Ба ин сабаб ин занро феълан наметавонанд аз Русия ба Ӯзбекистон ихроҷ кунанд.

Идораи муҳоҷирати шаҳри Магадан ба шӯъбаи сабти ҳолатҳои шаҳрвандии ноҳияи Шаҳрихони вилояти Андиҷон нома ва нусхаи шаҳодатномаи никоҳи ӯро ирсол карда, хостааст, ки шахсияти зани боздоштшударо тасдиқ кунанд. Ин ҳуҷҷатҳо барои он лозиманд, ки ҷониби Русия тавонад ба кӯдак шаҳодатнома таҳия кунад. Бо ин шаҳодатнома Гулрух Ҳусанова метавонад кӯдакашро ба ватан бубарад. Бе ин ҳуҷҷат ба ин зан иҷоза намедиҳанд, ки қаламрави Русияро тарк кунад. Аммо ҷониби Ӯзбекистон ба ин дархости ниҳоди муҳоҷиратии Русия посух намедиҳад.

Ёдовар мешавем, ки 14 октябри соли гузашта дар яке аз бемористонҳои Санкт-Петербург дар шароити машкук кӯдаки панҷмоҳаи муҳоҷирони тоҷик Умаралӣ Назаров ҷон бохт. Чанд соат пеш аз ин ҳодиса маъмурони пулис аз модараш Зарина Юнусова маҷбурӣ кӯдакро ҷудо карданд. Мӯҳлати сабти номи модараш низ гузашта буд.

XS
SM
MD
LG