Ссылки доступа

Шумори мардони муҳоҷир кам шуд


Шуруъ аз замони буҳрони муҳоҷират бори аввал аст, ки шумори занону кӯдакони гурезаи озими Аврупо аз теъдоди мардон зиёд шуд.

Ба иттилои Бунёди атфоли СММ - ЮНИСЕФ, ҳоло 60 дарсади муҳоҷиронеро, ки аз марзи Туркияву Юнон убур мекунанд, занон ва кӯдакон ташкил медиҳанд. Дар моҳи июни соли гузашта 73 дарсади гурезагон мардон буданд.

Ба иттилои пулиси Аврупо, давоми ду соли ахир на камтар аз 10 ҳазор кӯдаке, ки ба Аврупо бе волидайнашон ворид шуданд, баъд аз ба қайд гирифтан дар хадамотҳои муҳоҷират нопадид гардидаанд.

XS
SM
MD
LG