Ссылки доступа

ДиКаприо нақши Путинро меофарад


Ҳунарманди амрикоӣ Леонардо ДиКаприо барои офаридани нақши президенти Русия Владимир Путин дар филм розигӣ додааст.

Интизор меравад, ин филм баҳори соли 2017 ба намоиш дарояд. Дар ин бора бо такя ба ширкати филмофарии Knightsbridge Entertainment хабар медиҳад телевизиони "Дождь".

Филми Putin давоми як соли охир коркард шудааст ва ҳоло саҳнаҳои ниҳоии он дар ҳоли баррасӣ аст. Ба иттилои шабакаи телевизионӣ, чанд ҳунарманди Ҳолливуд барои ширкат дар филм ҷалб шудааст. Ширкати Knightsbridge Entertainment хабар медиҳад, жанри ин филм триллери сиёсист. "Аз афсари КГБ, сарвазир - ба президентӣ. Марди устураӣ. Нигоҳе ба ҳаёти хусусии яке аз таъсиргузортарин шахсиятҳои дунё", - гуфта шудааст дар шарҳи ин филм дар торнамои ширкат.

Пештар Леонардо ДиКаприо дар мусоҳиба бо нашрияи олмонии WeltamSonntag гуфта буд, вай бо хушҳолии тамом нақши президенти Русияро хоҳад офарид. "Путин хелеву хеле ҷолиб хоҳад буд", - гуфт ҳунарманд.

XS
SM
MD
LG