Ссылки доступа

Тоҷикистон аз амалиёти Русия дар Сурия ҳимоят кард


Тоҷикистон ба амалиёти нерӯҳои Русия дар Сурия нигоҳи мусбат дорад. Дар ин бора Сироҷиддин Аслов, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон рӯзи 4 феврал дар як нишасти хабарӣ дар Душанбе хабар дод.

"Ин амалиёти Русия дар чаҳорчӯби қонунҳои байналмилалӣ сурат мегирад ва ҳадафаш пуштибонӣ аз сокинони Сурия аст", - гуфт ҷаноби Аслов.

Ёдрас мешавем, ки фаъолияти "Давлати исломӣ" аз сӯи Додгоҳи Олии Тоҷикистон дар ҳудуди кишвар манъ шудааст. Сарфи назар аз ин, тибқи иттилои ВКД, бештар аз 500 шаҳрванди Тоҷикистон дар сафи ҷангҷӯёни ДИ меҷанганд. Миёни онҳо полковник Гулмурод Ҳалимов низ ҳаст, ки дар гузашта сардори ОМОН-и Тоҷикистон буд.

XS
SM
MD
LG