Ссылки доступа

Додгоҳи Қонуни асосӣ ислоҳи Конститутсияи Тоҷикистонро тасдиқ кард


Додгоҳи Қонуни асосии Тоҷикистон ислоҳи Конститутсияи кишварро қонунӣ донист.

Ин ислоҳот ба раиси ҷумҳури феълӣ, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон иҷоза медиҳад, ки номзадии худро ба вазифаи президентӣ бе маҳдудият пешбарӣ кунад.

Ислоҳи дигаре бо иҷозаи Додгоҳи Қонуни асосӣ маҳдудияти синну сол барои номзадҳои президентиро то 30 сол пойин мебарад. Ин тағйир имкон медиҳад, ки Рустами Эмомалӣ писари калонии Эмомалӣ Раҳмон дар интихоботи президентии соли 2020 номзад шавад, зеро он замон вай 33 сола хоҳад шуд.

Судяи ин додгоҳ зимни қироати қарори худ гуфт, ки “ислоҳот ва тағйирот бозгӯйи ҳамин давраи рушди кишвар ва ҷомеа буда, ба тақвияти асосҳои сохти конститутсионӣ равона шудаанд”. Вай афзуд, ки ин ислоҳот “ҳамчунин нишони демократикунонӣ ҳаёти сиёсӣ ва иҷтимоии ҷомеаи тоҷик мебошад”.

Ба Қонуни асосии Тоҷикистон, ки соли 1994 қабул шудааст, ду бор ислоҳот ворид шуда буд. Ислоҳоти соли 2003 имкон дод, ки президент Эмомалӣ Раҳмон то соли 2020 барои ду мӯҳлати ҳафтсолӣ дар сари қудрат монад.

XS
SM
MD
LG