Ссылки доступа

Барои Сурия беш аз $10 миллиард ҷамъоварӣ шуд


Дар ҳамоиши сармоягузорони Сурия, ки дар Лондон идома дорад, беш аз 10 миллиард доллар ҷамъоварӣ шудааст.

Дар ин бора нахуствазири Бритониё Дэвид Кэмерон хабар дод.

Ба гуфтаи вай, ин маблағ барои таъсиси ҷойҳои корӣ ва шароити таҳсили кӯдакони сурёнӣ ба кишварҳои Ховари Миёна фиристоода мешавад.

Дабири кулли СММ Пан Ги Мун гуфт, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ то ҳол дар як рӯз ин миқдор маблағро барои бартарафсозии бӯҳрон ҷамъоварӣ накарда буд.

Бритониё, ки дар ин ҳамоиш ҳамраис буд, тасмим гирифтааст 1,75 миллиард доллари кумакҳои навро то соли 2020 омода кунад. Ҳайати ИМА ба раҳбарии котиби давлатӣ Ҷон Керрӣ ваъда дод, ки ба ин мақсад 900 миллион доллар ҷудо мекунад ва ба ин тартиб маблағи умумии кумакҳои башардӯстона ба Сурия аз сӯи ИМА то ба 5,1 миллиард доллар мерасад. Олмон изҳор дошт, ки то соли 2018 барои кумак ба гурезаҳои суриягӣ 2,5 миллиард ҷудо мекунад.

XS
SM
MD
LG