Ссылки доступа

Филми «Дэдпул» дар Қирғизистон мамнуъ шуд


Намоиши филми амрикоии тахайюливу ҳаҷвии коргардон Тим Миллер «Дэдпул», ки бар асоси танзҳо ба нақши Marvel Comics Дэдпул таҳия шудааст, аз намоиш дар Қирғизистон боздошта шуд.

Дар ин бора шабакаи кинотеатрҳои «Синематика» дар сафҳаи худ дар «Фейсбук» хабар додааст.

«Сабаби чунин тасмим махфӣ аст ва он набояд эълон шавад. Бояд зикр кард, ки мо ҳамаи талошҳоро кардем, ки ин филм намоиш дода шавад. P. S. Ин филм дар кинотеатрҳои дигар низ намоиш дода намешавад», - омадааст дар хабар.

Нахустнамоиши ин филм дар ИМА бояд 9 феврал ва дар Қирғизистон 11 феврал баргузор мешуд.

Ёдовар мешавем, дар моҳи апрели соли 2015 филми «Шумораи 44» низ аз намоиш дар Қирғизистон ва бархе аз кишварҳои дигари ИДМ боздошта шуд.

XS
SM
MD
LG