Ссылки доступа

Худкушии боз як наврас дар Қирғизистон


Вазорати маориф ва илми Қирғизистон дар пайи таҳлили гузориши муаллимони иҷтимоӣ дар соли 2015 ба ин натиҷа расид, ки ҳар як кӯдаки панҷум дар ин кишвар ба худкушӣ моил аст.

Дар ҳамин ҳол, хонандаи синфи 7 дар вилояти Талас худкушӣ кардааст. Дар ин бора аз бахши вилоятии милитсия хабар доданд.

Тибқи ин хабар, ҳодисаи худкушӣ 3 феврал тахминан миёни соатҳои 17.00-18.00 рух додааст. Ҳоло милитсия ҷузъиёти ин ҳодиса ва сабабҳои водоркунанда ба худкушии наврасро муайян мекунад.

Кормандони ниҳодҳои иҷтимоӣ низ талош доранд ба ин ҳодиса расидагӣ кунанд.

Бино бар иттилои аввалия, навраси фавтидаро барои тарбия кормандони як мактаби махсус ба уҳда гирифта буд. Ин наврас модар надошт ва дар бораи падараш иттилоъ дода нашудааст.

XS
SM
MD
LG