Ссылки доступа

Муҳокимаи 13 раҳбари ҲНИТ дар Додгоҳи олӣ


Рӯзи сешанбеи 9 феврал муҳокимаи, эҳтимолан, пӯшидаи парвандаи 13 узви раёсати олии ҳизби мамнуъи наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) дар Додгоҳи олӣ шуруъ мешавад.

Пайвандони аъзои боздоштшудаи ҲНИТ хабар доданд, дар муҳокимаи додгоҳӣ, ки пушти дарҳои баста сурат мегирад, як нафарӣ аз хешовандон ва вакилон ширкат хоҳанд кард.

13 узви раёсати ҲНИТ - муовинони раиси ҳизб Саидумар Ҳусайнӣ ва Муҳаммадалӣ Ҳайит, ҳамчунин Абдуқаҳҳори Давлат, Раҳматуллоҳи Раҷаб, Зубайдуллоҳи Розиқ, Муҳаммадалии Файзмуҳаммад, Ҳикматуллоҳ Сайфуллозода, Қиёмиддин Авазов, Зарафо Раҳмонӣ, Маҳмадшариф Набиев, Абдусамад Fайратов, Саттор Каримов ва Воҳидхон Қосидинов – рӯзҳои 16-17 сентябри соли равон, билофосила баъди анҷоми амалиёти зидди гурӯҳи мусаллаҳи генерал Абдуҳалим Назарзода дастгир шуданд.

Мақомоти Тоҷикистон ҳизби наҳзати исломӣ ва раҳбаронаш, бо шумули раиси ҳизб Муҳиддин Кабириро, ки дар хориҷ ба сар мебарад, ба даст доштан дар ин ошӯб айбдор карданд. Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи 29 сентябр ҳизби наҳзати исломиро ба рӯйхати созмонҳои террористӣ шомил ва фаъолияташро дар кишвар мамнуъ эълон кард.

Аммо намояндагони ҲНИТ, аз ҷумла Кабирӣ даст доштани худ дар ошӯби генерал Назарзодаро рад мекунанд ва мегӯянд, ин исён танҳо баҳонае барои бастани фаъолияти ҳизби мухолиф шуд.

Пештар созмонҳои байналмилалии ҳомии ҳуқуқ хабар доданд, ки моҳҳои ахир дар Тоҷикистон наздики 200 фаъоли ҲНИТ ва ҷонибдори ин ҳизб боздошт шуда, бархеи онҳо дар зиндон шиканҷа мебинанд.

XS
SM
MD
LG