Ссылки доступа

Ҳабсу ихроҷ барои дар кӯча партофтани пасмондаи сигор


Шаҳрванди Ӯзбекистонро дар Қазоқистон барои партофтани таҳсигор ё осӯхтаи сигор дар ҷои номувофиқ 3 рӯз ҳабс карданд, хабар медиҳад сомонаи қазоқии Tengrinews.kz бо такя ба хадамоти матбуотии додгоҳи вилояти Атирау.

Дар хабар омадааст, ки шаҳрванди Ӯзбекистон осӯхта ё пасмондаи сигорро дар ҷои номувофиқ партофта, бо ин рафтораш "ҷойи ҷамъиятиро ифлос карда, рафтори авбошона" анҷом додааст.

"Бо қарори додгоҳ Қодиров Қ. бар асоси қисми 1, моддаи 434 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Қазоқистон гунаҳкор ҳисобида шуда, ба муҳлати 3 рӯз аз озодӣ маҳрум гардид. Тибқи банди "в", моддаи 28 Қонуни Қазоқистон "Дар бораи вазъи ҳуқуқии хориҷиён", шаҳрванди хориҷӣ агар қонунгузории Қазоқистонро вайрон карда бошад, мумкин аст аз кишвар хориҷ шавад", - омадааст дар хабар.

Додгоҳ қарор кардааст, ки давоми 10 рӯзи баъди эълони ҳукм шаҳрванди Ӯзбекистон аз Қазоқистон хориҷ шавад.

XS
SM
MD
LG