Ссылки доступа

Ислом Каримов ҳамҷинсгароҳоро “бемори равонӣ” номид​​


Дар суханронии худ раиси ҷумҳури Ӯзбекистон Ислом Каримов аз никоҳҳои ҳамҷинсҳо интиқод карда, онро намунаи бадтарини фарҳанги ғарбӣ донист.

“Агар мард бо мард ё зан бо зан зиндагии якҷоя дошта бошанд, фикр мекунам онҳо чандон солим нестанду тағйироте дар онҳо рух додааст”, - гуфт Каримов.

Дар Ӯзбекистон барои ҳамҷинсгароӣ ё никоҳҳои ҳамҷинсҳо ҷазо пешбинӣ шудааст. Ба ҷуз аз ин дар ҷомеаи ӯзбек намояндагони ақаллиятҳои ҷинсӣ пайваста мавриди фишоранд.

Солҳои ахир дар интернет наворҳои зиёде пахш шудаанд, ки дар онҳо ҳамҷинсгароҳо дар Ӯзбекистон лату кӯб мешаванд.

Моҳи гузашта дар Telegram наворе пахш шуд, ки дар он милитсаҳои Ӯзбекистон як марди ҷавонро, ки ороиш ва либоси занона дошт, мезананд. Латукӯби ҳамҷинсгаро дар Тошкандро бархеҳо намунаи вокуниши бадбинии ҷинсӣ унвон карданд.

- Ин зулм аст. Бахусус, вақте ин корро кормандони милиса анҷом медиҳанд. Ин ҳама нисбати шаҳрвандони Ӯзбекистон новобаста аз он, ки онҳо кистанд, ғайриқонунӣ аст, - навиштааст дар шабакаи иҷтимоӣ блогнависи Ӯзбекистон Канат Адил.

Ӯзбекистон аз ҷумлаи 70 кишваре аст, ки дар онҳо ҳамҷинсгароии мардҳо ҷиноят дониста мешавад. Тибқи моддаи 120 Қонуни ҷиноии кишвар, барои ҳамҷинсгароии мардҳо ҷазои аз як то се соли зиндон пешбинӣ шудааст.

XS
SM
MD
LG