Ссылки доступа

Дар Ӯзбекистон раҳбари як бонки бузург боздошт шуд


Дар Тошканд сардори раёсати яке аз бонкҳои бузурги Ӯзбекистон - бонки “Асака” Қаҳрамон Орипов боздошт шуд.

Додситонии Ӯзбекистон ҳоло дар ин бонк бозрасӣ анҷом медиҳад ва то ҳол сабабҳои боздошти раҳбари онро шарҳ надодааст. Аммо кормандони бонк иддао мекунанд, ки нисбати Қаҳрамон Орипов имкон дорад барои амалиёти ғайриқонунӣ бо асъори хориҷӣ айбнома ироа шуда бошад.

Тибқи бархе аз хабарҳо, раҳбарияти бонк аз фарқияти миёни қурби расмӣ ва бозории доллари ИМА фоидаи бузурге ба даст меовард.

То ин замон дар Ӯзбекистон аъзои раёсати бонки “Ипотека” барои ташкили фурӯши ғайриқонунии асъор ба шиносҳояшон ба мӯҳлатҳои тӯлонӣ равонаи зиндон шуданд. Ҳарчанд ин асъор барои фурӯш ба аҳолӣ пешбинӣ шуда буд.

Дар Ӯзбекистон беқурбшавии сӯми миллии ӯзбекӣ ба афзоиши теъдоди ҳаннотони асъор сабаб шудааст.

Тақрибан дар ҳамаи бонкҳое, ки бо асъори хориҷӣ амалиёт анҷом медиҳанд, нафарони махсусе ҳастанд, ки ба фурӯши ғайриқонунии арз машғул мебошанд. Онҳо арзро ба нафарони худӣ тибқи қурби давлатӣ мефурӯшанд ва сипас ин шахсон асъорро вориди “бозори сиёҳ” месозанд. Фоидаи чунин фурӯши асъор миёни ҳамаи шикраткунадаҳои ин тиҷорат тақсим мешавад, хабар дод манбаи “Озодӣ” дар ВКД кишвар.

XS
SM
MD
LG