Ссылки доступа

120 тоҷикистонӣ аз ҷангҳои Ироқу Сурия баргаштаанд


Тавре додситони кулли Тоҷикистон Юсуф Раҳмон хабар дод, то кунун 120 иштирокчии амалиётҳои ҷангӣ дар Ироқу Сурия аз ҳисоби шаҳрвандони кишвар ҳамроҳ бо хонаводаҳояшон баргардонида шудаанд.

Додситони кул гуфт, аз ин шумор 78 тан ҷангӣ ва 42 нафар аъзои оилаи онҳо будааст.

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, 1000 шаҳрванди кишвар барои иштирок дар ҷангҳо ба Сурия ва Ироқ рафтааст. Мақомот ваъда медиҳанд, ки ҳар ҷангие ихтиёран аз амалиётҳо ба ватан баргардад, агар собиқаи ҷиноӣ надошта бошад, мавриди афв қарор хоҳад гирифт. То ин дам ҳудуди 60 тан афв шудааст.

Дар ҳамин ҳол, наздики 20 "ҷиҳодии" ҷангҳои Сурияву Ироқ ба солҳои тӯлонӣ зиндонӣ шудаанд. Моҳи декабри соли гузашта 7 сокини ноҳияи Шаҳритуси Тоҷикистон барои овехтани парчами "Давлати исломӣ" дар дарвозаи ноҳия зиндонӣ шуданд.

XS
SM
MD
LG