Ссылки доступа

Шумори корбарони телефонҳои мобилии Тоҷикистон кам шудааст


Хадамоти алоқаи Тоҷикистон гуфт, соли гузашта дар кишвар шумори корбарони телефони мобилӣ ва интернет кам шуд.

Шумори корбарони фаъоли телефони мобилӣ то 1 миллиону 200 ҳазор ва корбарони интернет то 800 ҳазор кам шудааст.

Муовини раиси Хадамоти алоқа Татяна Холмуродова гуфт, дар ҳоли ҳозир теъдоди корбарони интернети мобиливу кабелӣ ба 3 миллион мерасад, ки нисбати соли гузашта 800 ҳазор кам арзёбӣ мешавад.

Холмуродова гуфт, дар кишвар бештар аз 11 миллион сим-корт мавҷуд аст, аммо теъдоди корбарони фаъоли телефони мобилӣ ба 5 миллиону 200 ҳазор мерасад.

Ба гуфтаи намояндаи Хадамоти алоқа, дар гузашта шумори корбарони фаъоли телефонҳои мобилӣ ба 6 миллиону 400 ҳазор нафар мерасид.

Кам шудани теъдоди корбарони интернети мобилӣ ва интернети кабелӣ дар Тоҷикистон, ба бовари Татяна Холмуродова, ба кам шудани қобилияти харидории аҳолӣ ва таъсири буҳрони иқтисодӣ рабт дорад.

XS
SM
MD
LG