Ссылки доступа

Дар Ӯзбекистон бархе аз бозиҳои компютерӣ мамнӯъ мешавад


Ҷунбиши ҷавонони “Камолот” якҷо бо Маркази таблиғ ва маънавияти назди шаҳрдорӣ рӯйхати бозиҳои мамнӯи компютериро таҳия кард.

Ба иттилои сомонаи Sputnik, ба ин рӯйхат бозиҳои таблиғкунандаи зӯроварӣ, хушунат, ифротгароии динӣ, шавқмандӣ ба бозӣ ва ҳамчунин бозиҳои дорои саҳнаҳои шаҳвонӣ ворид шудааст.

“Бозиҳои компютерӣ ҳоло бештар низоми асабу зиндагии фарзандонро фурӯ мебарад. Дар ҷомеа пайваста дар бораи таъсири бозиҳои зӯровар ба низоми тақвиятнаёфтаи асаби кӯдак гуфтугузор мешавад. Ба ин сабаб коршиносон бадтарин бозиҳоро ҷудо карданд, ки барои бозӣ ба кӯдакон тавсия намешавад ва аз ҳама муҳим ҳамакнун рӯйхати бозиҳои мамнӯи компютерӣ таҳия шуд. Мо низ ин корро анҷом медиҳем ва ҳамвора бо пайдо шудани бозиҳои нав рӯйхати бозиҳои мамнӯъро пурра мекунем”, - гуфт намояндаи “Камолот”.

Ҳамзамон вай афзуд, ки интихоби бозиҳои хатарнокро комисияи иборат аз муаллимони пуртаҷриба, равоншиносон ва мутахассисони дигар анҷом медиҳанд. Ин бозиҳоро на танҳо аз назари зӯроварӣ ва хушунат баррасӣ мекунанд, балкӣ созгор будани онҳо ба ҷаҳонбинии миллӣ, таъсир ба эҳсосҳои динии халқҳои дигар, таблиғи бозиҳои шавқмандкунанда, фаҳш ва ғайра мавриди назари коршиносон қарор дорад.

XS
SM
MD
LG