Ссылки доступа

Мақомоти қирғиз хабарнигори Радиои Озодиро раҳо карданд


Марзбонҳои қирғиз хабарнигори бахши тоҷикии Радиои Озодӣ Маъсуми Муҳаммадраҷабро баъд аз боздошти ҳаштсоата озод карданд.

Ба иттилои Идораи марзбонии Қирғизистон, хабарнигори Радиои Озодӣ Маъсуми Муҳаммадраҷаб барои вайрон кардани қоидаи убур аз марзи давлатӣ боздошт ва баъд аз таҳияи санад озод карда шуд. Ба гуфтаи раҳбари хадамоти матбуотии Идораи марзбонии Қирғизистон Гулмира Борукбоева, хабарнигор мебоист аз гузаргоҳи расмии марзӣ мегузашт.

Худи хабарнигор мегӯяд, ки дар қаламрави Тоҷикистон боздошт шудааст. Вай ба ин минтақа барои таҳияи гузориш дар бораи барафрохтани парчами қирғизӣ дар болои ду ҳавлии тоҷик рафта буд. “Дар ин минтақа ягон аломати муайянкунанда нест ва вақте хоҳиш кардам бароям нишон диҳанд, ки хати марз аз куҷо мегузарад, ба ман як навиштаҷот дар болои ҷӯякеро нишон доданд, ки дар он “Деҳаи Мақсад” навишта шудааст”. Онҳо ба ин хулоса расиданд, ки ман тақрибан як километр дохили қаламрави Қирғизистон гузаштаам”, - гуфт Маъсуми Муҳаммадраҷаб баъд аз озод шуданаш.

Хабарнигор мегӯяд, аз муносибати марзбонон эроде надорад. Танҳо ин ки ӯро соатҳои дароз интизор нигоҳ доштанд ва намонданд ба хешовандон ва дафтари корӣ занг занад.

Нахуст дар бораи боздошти хабарнигор ба дафтари корӣ соати 14 сокини Овчӣ-Қалъача Муҳаммадалӣ Абдувалиев хабар дод. Ин сокин ҳамчунин гуфт, марзбонони қирғиз дар дарвозаи ҳавлиаш парчами Қирғизистонро овехтаанд. Мақомоти тоҷик мегӯянд, ин ҳодиса дар ғитъаи баҳсталаб ва аломатгузоринашуда рух додааст.

XS
SM
MD
LG