Ссылки доступа

Дар Русия аъзои эҳтимолии “Давлати Исломӣ” боздошт шуданд


Ниҳодҳои қудратии Русия аз боздошти ҳафт узви эҳтимолии гурӯҳи ифротии “Давлати исломӣ” (ДИ) дар Екатеринбург хабар доданд.

Хадамоти федеролии амнияти (ХФА) Русия хабар медиҳад, ки ин гурӯҳ мехост дар Москва, Санкт-Петербург ва вилояти Свердловск бо истифода аз маводи таркандаи худсохт амалҳои бузурги террористӣ анҷом диҳад. Ин гурӯҳро узви ДИ раҳбарӣ мекард, ки ба Русия аз тариқи Туркия омадааст, гуфта мешавад дар баёнияи ХФА.

Ба иттилои расонаҳои русӣ, дар миёни боздоштшудагони ин гурӯҳ як нафар шаҳрванди Русия ва боқӣ шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказӣ мебошанд.

XS
SM
MD
LG