Ссылки доступа

HRW Русияро дар истифодаи бомбаҳои хушаӣ дар Сурия айбдор кард


Дидбони ҳуқуқи башар мегӯяд, дар амалиёти низомии муштараки Русия ва Сурия аз бомбаҳои мамнӯи хушаӣ истифода шудааст.

Созмони байналмиллалии ҳимояи ҳуқуқи инсони Human Rights Watch мегӯяд, дар панҷ вилояти Сурия дастикам дар 14 амалиёти низомӣ, аз ҷумла зимни зарбаҳои ҳавоӣ ба бемористони низомӣ дар шаҳри Анадон дар шимоли кишвар аз бомбаҳои мамнуи хӯшаӣ истифода шудааст.

Аз чунин бомбаҳо ҳамчунин дар набардҳо барои таҳти назорат гирифтани минтақаҳои муҳим дар вилояти Ҳалаб, Димишқ, Идлиб, Ҳомс ва Ҳома истифода шудааст, хабар медиҳад ин созмони ҳуқуқи инсон. Дар пайи ин ҳамлаҳо дастикам 37 сокини осоишта, аз ҷумла шаш зан ва нуҳ кӯдак кушта, даҳҳо тани дигар захмӣ гаштаанд.

Human Rights Watch ин иттилоъро бар асоси баёноти шоҳидон ва ҳуҷҷатҳои аз сӯйи табибон ва хабарнигорон дастрасшуда таҳия кардааст. Муаллифони гузориш аз Русия ва Сурия хостаанд, ки аз истифодаи бомбаҳои хушаӣ, ки ҷаҳон онҳоро манъ кардааст, худдорӣ намоянд.

XS
SM
MD
LG