Ссылки доступа

Ришва ба кормандони милиса дар шакли гӯшт


Кормандони умури дохилии ноҳияи Оқ-Сойи Қирғизистон аз як сокини маҳаллӣ бо таҳдиди ҳабс ва ҷалби вай ба ҷавобгарӣ барои даст доштан дар ҷиноят 50 ҳазор сом пора талаб кардаанд.

Дар ин бора аз Идораи зидди фасоди Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон хабар доданд.

Аммо ин сокин бо худ пул надошт. Сипас маъмурони милитсия ӯро водор мекунанд, ки қутоси дар манзилаш бударо сар занад ва гӯшти ин ҷонварро бо худ бурданд.

Аз рӯйи ин ҳодиса тибқи моддаҳои «Сӯйистифода аз мақоми хидматӣ» ва «Берун рафтан аз салоҳияти хидматӣ» парвандаи ҷиноӣ боз шуда, таҳқиқи он идома дорад.

XS
SM
MD
LG