Ссылки доступа

Тоҷикистон ба Қирғизистон номаи эътирозӣ фиристод


Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон баъд аз барафрохтани парчами Қирғизистон дар болои ҳавлии як сокини Тоҷикистон ба мақомоти ин кишвар нота ё номаи эътирозӣ фиристод.

Сафорати Тоҷикистон дар Қирғизистон ба ин назар аст, ки чунин рафтор мухолифи қарордодҳои комиссияи дуҷониба барои аломатгузории марзи миёни ду кишвар ва муқаррароти байналмилалӣ аст. Ҷониби Тоҷикистон таҳқиқи ин ҳодиса ва дар оянда пешгирӣ аз такрори чунин ҳолатро талаб дорад.

Ёдовар мешавем, 6 феврали соли 2016 дар боми яке аз ҳавлиҳои воқеъ дар деҳаи наздисарҳадии Мақсади ноҳияи Лайлак парчами Қирғизистон барафрохта шуд. Ба иттилои идораи марзбонии Қирғизистон, ин ҳавлӣ дар қаламрави Қирғизистон воқеъ аст ва соҳибаш шаҳрванди ин кишвар мебошад. Аммо ин ҳавлиро ба шаҳрвандони Тоҷикистон ба иҷора додааст.

Вале ҷониби Тоҷикистон изҳор медорад, ки парчами Қирғизистон дар болои ҳавлие барафрохта шуд, ки дар минтақаи баҳснок қарор дорад ва моли шаҳрванди Тоҷикистон мебошад.

XS
SM
MD
LG