Ссылки доступа

Бишкек ва Вашингтон қарордоди нави ҳамкориро таҳия мекунанд


Бишкек ва Вашингтон қарордоди нави ҳамкорӣ миёни ҳукумати Қирғизистон ва ҳукумати ИМА-ро таҳия мекунанд.

Дар ин бора сафири ИМА дар Қирғизистон Шейла Гуолтнӣ дар дидор бо раиси парлумони он кишвар Асилбек Жээнбеков хабар дод.

Ба гуфтаи вай, ИМА мехоҳад ҳамгироӣ бо Қирғизистонро дар асоси эътимод ва эҳтироми ҳамдигар идома диҳад.

“Сиёсати ИМА бар пояи ҳимояти истиқлолият ва якпорчагии давлати Қирғизистон асос ёфтааст. Демократия муколамаи пайваста дар масъалаҳои бунёдӣ, мушорикати ҷомеаи маданӣ ва содда кардани низоми давлатдориро талаб мекунад”, - гуфт сафир.

Гуолтнӣ ёдовар шуд, ки дар солҳои истиқлолияти Қирғизистон ИМА ба ин кишвар дар ҳаҷми 2 миллиард доллар кумакҳои ҳамаҷониба кардааст.

Асилбек Жээнбеков аз чанд ислоҳоти муваффақ гуфта, ба шарикони хориҷии Қирғизистон баро пуштибонии ҳамаҷониба сипосгузорӣ кард.

“Дар солҳои ахир барои расидан ба истиқлолияти комили иқтисодии кишвар корҳои зиёде анҷом дода шудааст. Ҳоло фурсати рушди стратегӣ расидааст. Дар солҳои наздик мехоҳем ислоҳоти густардаеро анҷом диҳем, ки ҳамаи арсаҳои фаъолияти кишварро дар бар мегирад. Ва дар ин кор мо ҳимояти шарикони худро интизор ҳастем”, - гуфт Жээнбеков.

XS
SM
MD
LG