Ссылки доступа

Ҷамола дарди тоторҳои Қримро ба “Евровидение” бурданист


Дар миёни номзадҳои пешсаф аз Украина барои ширкат дар озмуни байналмиллалии «Евровидение» тоторзани 32 сола аз Қрим низ ҷой гирифтааст.

Вай мехоҳад, дар ин ҷашнвора аз сарнавишти талхи ҳамқавмони худ, бо дастури раҳбари худкомаи шӯравӣ Иосиф Сталин соли 1944 маҷбуран аз Қрим ба Осиёи Марказӣ кӯчонда шуданд, суруди ҷонгудозеро иҷро кунад.

Овозхон Ҷамола дар бахши нахустини ниманиҳоии озмуни интихоби миллӣ бо суруди «1944» бо дарёфти баҳои баландтарини доварон ва миқдори бештари пайёмакҳои тамошобинони телевизионӣ пирӯз шуд. Ин дар ҳолест, ки теъдоди зиёди тоторҳои Қрим натавонистанд дар ин овоздиҳӣ ширкат кунанд, зеро онҳо дар Қрими аз сӯйи Русия дар соли 2014 ғасбшуда зиндагӣ мекунанд.

Дар ин суруд ба забони англисӣ ва бо нақарот ба забони тоторҳои қримӣ дар бораи кӯч додани маҷбурии наздики 250 ҳазор тотори Қрим дар моҳи майи соли 1944 қисса мешавад. Ҳукумати шӯравӣ тоторҳои Қримро дар ҳамкорӣ бо фошистҳои олмонӣ дар замони тасарруфи ин нимҷазира айбдор карда, онҳоро ба Осиёи Марказӣ ва минтақаҳои дурдасти Русия кӯчонд.

Исми воқеии Ҷамола Сусанна Ҷамоладинова аст. Вай соли 1983 дар Қирғизистон таваллуд шудааст, зеро волидайни падараш ба ин ҷумҳурӣ кӯчонда шуданд.

XS
SM
MD
LG